Францискус Гейсбрехтс нимаи дуюми асри XVII.
Ванитас – жанри натюрморт. Натюрморт калимаи франсузӣ буда, маънояш табиати ғайризинда мебошад. Мо одатан бисёр кам ба ҷисмҳое, ки ҳар замон истифода мебарем, кам назар меандозем. Онҳо ҳамеша дар дасти мо буда, ҳамеша ба назари мо аён ҳастанд, лекин ба назари мо аломат ва чи чизи онҳо диққатҷалбкунанда ҳаст. Аммо вақте ки онҳоро дар тасвирҳо мебинем, онҳо диққатҷалбкунанда буда, беназиранд. Аҷоиб хусусият доранд. Дар ҳақиқат рассомон касонеанд, ки моро ба нигоҳ кардани он тасвирҳо (натюрморт) маҷбур месозанд, онҳо барои нигоҳ кардан ба предметҳои дар ҳаёти ҳаррӯзаи зеридастамон маҷбур мекунанд, ба забони онҳо диққати моро ҷалб мекунанд, моро маҷбур мекунанд, ки дар назди тасвирҳо истода ба онҳо назар андозем ва аз нуқтаи назари фалсафӣ фикр кунем. Мана ҳамин тавр дар солҳои хеле пеш – 1620 чунин жанр ташаккул ёфт, ки онро Ванитас (Vanitas) меноманд. Ашёҳо дар чунин тасвирҳо натюрмортҳо мурда буданд. Рангҳои хушкшудаи косаи сар, китобҳои кӯҳнашуда, ким – чи хел порчаҳои сангҳо ва ғайра. Натюрморт Бояд қайд кард, ки чунин жанр асосан дар Голландия ва дар Франсия паҳн шуда буд. Ғояи чунин тасвирҳо натюрморт бинандаро маҷбур месохт, ки дар барои марг, мантиқи ҳаёт, ҳаёти ботезӣ даргузар, дар бораи абадӣ набудани ҳаётамон андеша кунанд. Дар чунин тасвирҳо, меҳвари асосиро косаи сари инсон ишғол мекард.
Натюрморт Аввалин натюрмортҳоро тасвири косаи сари инсон, ким – чӣ хел шамъҳо ташкил медоданд. Ҳамин тавр буд хусусияти «дрез код»-и тасвирҳои натюрмортӣ. Лекин чи қадаре, ки чунин натюрморт зиёд мешуд, он тасвирҳо аз мавзӯъи аввалаи худ – устухони сари одам, тасвири шамъу дигар предметҳои беҷон мазмунан васеътар ва пуробуранг мешуданд.
Худи номи ВАНИТАС (Vanitas) аз ақидаҳои дини (библя) «Vanitas Vaninatum et omnia vanitas» пайдо шудааст, агар дигар хел карда гӯем давутоз, ҳамаи чиз аз давутоз иборат аст, - гуфтани гап аст.
Ҳар як ашёи дар тасвири натюрмортӣ тасвиршуда рамз ба шумор мерафт. Масалан: устухони косаи сар – рамзи маргро дорад, ҳубобчаҳои собун – рамзи ҷараёни ҳаёти даргузар, чашмбанди карнавал – рамзи ҳаёти бевафо (одам ба мисли як чизи холист), шиша – рамзи майзадагӣ, меваҳои вайроншуда – рамзи умри даргузар, пиршавӣ, яроқ – рамзи ҳукумрониро ифода меард, лекин он маънои «Одам ба худаш чизеро гирифта бурда» наметавонадро дорад ва ғайра. Ванитас (калимаи лотини Vanitas, яъне такудав, кӯшиш ғайрати бефоида барои ному нишони баланд аст), ки ин жанри санъати тасвирӣ барокко, натюрморти аллегорӣ буд, маркази компазитсияи он чун анъана устухони косаи сари одам аст. Чунин тасвирҳо, ҳангоми нав инкишоф ёфтани натюрмортҳо бештар барои он буданд, ба инсон дар барои бо тези гузаштани ҳаёт буд, кайфияту ҷидду ҷаҳд барои ному нишон, дар барои як кас муранда аст. Дар Фландрия ва Нидерландия дар асри XVI ва XVII баъзе мисолҳои ин жанр дар Франсия ва Испания хеле инкишоф ёфта буданд. Рамзҳое, ки дар матоъ вомехӯранд, дар барои одам ва ҷисми вай, дар барои ҳаёти даргузари инсон дар бораи даргузар будани кайфу сафо ва комёбиҳо ва ғайра инъикос ёфтаанд. Косаи сар – одамонро дар бораи марг ва зарурии он, бо ин мазмун дар бораи он, ки косаи сар дар кадом замони сари одами зинда будааст, мебошад. Бинанда онро чун акси он одам қабул кунад, зеро он бештар ҳаёти даргузар ва ҷисми даргузаштан инсонро инъикос мекунад.
Меваҳои пӯсида – рамзи пиршавист. Меваҳои пухта – рамзи сербаҳрӣ (серҳосилӣ), фаровонист, яъне бойгарӣ ва ҳаёти хуб доштанро дорад. Баъзе меваҳо маънои худро доштанд: нок, помидор рамзи одамони тақводорро, шафтолу ва олуболу ва, албатта себ рамзи маънои тозагию тақводориро ифода мекард. Анҷир, олу, олуболу, себ бо маънои рафтори беодобонаро каму беш низ ифода мекард. Гулҳо (пажмурда), садбард – гули Венера, рамзи ишқу муҳаббатро ифода мекард, ки хоси одам бошанд. Мак (гули лола) – воситаи оромгардонӣ, аз он тайёр кардани нашъа, рамзи марг, гуноҳ, танбалист. Гули лола (тюльпан) – дар асри XVII дар Нидерландия ҷой дошт, рамзи бефикрӣ сабукравӣ, муносибати фикрнакардаро, ки Худо додааст, ифода мекунад. Сангчаҳои дарё, гоҳо туқумшулуқҳо ва усухони онҳо, ки склети ҳайвоноти дар гузашта буданд, рамзи марг ва ноумедӣ аст. Туқумшулуқи хазанда – марги гуноҳгорист. Ҳубобчаҳои собун – кутоҳии умр ва ногаҳонии марг. Шамъи сӯхтаистода (хокистари он) ё лампаи равғанӣ (сиёҳчароғ), асбоб барои хомӯш кардани оташи шамъ – шамъи гирон - рамзи «ҷони одам», аммо хокистари он рамзи аз дунё падруд будан аст. Ин он маъноро ифода мекунад, ки «Одам низ ба мисли ҳубобчаи собун аст». Кубкаҳо, картаҳои бозингарӣ ё буҷилҳо, шахматҳо (хеле кам тасвир меёбанд) – рамзи мақсадҳои барбодрафтаи ҳаёт, ҷустуҷӯйи кайфият ва фирефта кардани ҳаёт мебошад. Муваффақ шудан дар бозиҳо рамзи ноумедӣ, нафаҳмидани вазъият мебошад. Трубка (чубук) – и махоркакашӣ – рамзи тез гузарӣ, ва нигоҳ дошта натавонистани кайфиятҳои заминӣ мебошад. Чашмбанди карнавалӣ – рамзӣ ноумедӣ, холигию ноумедии ботинии инсон аст. Инчунин он аз бемасъулиятии ба кайфият гузаронидани ҳаёт мебошад. Оина, пуфакҳои оинагӣ – рамзӣ майлу хоҳиш, инъикоси акс, соя буда, он ноаёниро ифода мекунад. Зарфҳои шикаста, одатан зарфҳои шикастаи шишагӣ (бакал). Истакони холӣ – рамзи марг мебошад. Шиша – рамзи ноустуворӣ, тезшикастанро ифода мекунад.
Фарфори сафед бошад,- тозагӣ шафоффиро ифода мекунад. Уғрак ва санги он – рамзи мардонагӣ ва муносибати ба зан доштанро нишон медиҳад. Шиша – рамзи гуноҳ ва майзадагист. Корд – рамзи ҳаётдӯстии инсон ва маргро ба хотир меорад. Соатҳои қумӣ (песочные часы) ва соатҳои механикӣ – вақти тез даргузарро нишон медиҳад. Асбобҳои мусиқӣ, нотаҳо – рамзи санъат, ҳаёти кӯтоҳи табиатро ифода мекунад. Китобҳо ва харитаҳои географӣ, мӯқалам рамзи илму маърифатанд. Глобус, чун замин, инчунин осмони ситоразор. Тахтачаи рангтунук кунаки рассомӣ ва мӯқалам, чашмбараки барги ғор (лавровый листь), агар барои сар бошад, рамзи санъати тасвирӣ ва назм аст. Портретҳои занҳои зебо, расмҳои анатомиро ба хотир меорад. Мактубҳо муносибатҳои инсонро ифода карда метавонад. Асбобҳои тиббӣ – беморӣ ва мушкилиҳои ҷисми инсонро ба хотир меорад. Халтачаҳо бо тангаҳои қиматбаҳо, сандуқчаҳои санги қиматбаҳо доштагӣ – рамзи ороишӣ ва зебу зиннатро мефаҳмонанд, инчунин онро ифода мекунанд, ки шахсони соҳиби он тасвир маълум нест. Яроқ ва либосҳои ҳарбӣ – рамзи ҳукумронӣ ва пурқувватист, онро ифода мекунанд, ки онҳоро бо худ ба гур бурдан мумкин нест. Тоҷ ва дигар нишонаҳо, асбобҳои давлатдорӣ, чамбаракҳо аз баргҳо – аломати даргузар будани ҳукумрониро нишон медиҳад, кадомҳоеро, ки аз боло (ҳаво) фармудааст. Чунин чашбандиҳо онро нишон медиҳад, ки онҳоро мепӯшад нестанд. Калидҳо – рамзи ҳукумронии соҳибхоназан, зане, ки ба кори захиракунӣ машғул аст. Вайронаҳо – рамзи ҳаёти даргузар онҳое, ки ҳукумрон буданд. Варақи коғаз бо навишти «Vanitas Vanitatum»: Ara Longa Vita brevis; Hodie mihi cras tibi (сегодня мне, завтра тебе – имрӯз ба ману пагоҳ ба ту). Finis Gloria mundi; Memento mori; Homo bulla; In ictu oculi (в мгновение ока); Aeteme pungit cito Volat et jcciolit (слова о греческих поступках развеется точно также, как и сон), (яъне шаъну шараф, рафтори қаҳрамонона ба мисли хоб хомӯш мегардад). Ҳамаи он бо марг парешон мешавад. Марг ҳудуди охирини ҳамаи чиз мебошад. (ҳама – ин ҳеҷ чиз). Аз марг ҳеҷ халосӣ наёфтааст.
Натюрморти ин жанр хеле кам суроби одамиро дар бар мегирад, баъзан склет – қаҳрамони марг аст. Обектҳо хеле бисёр дар ҳолати бенизомӣ тасвир мешавад, ки онҳо рамзи муваффақиятҳои раднашавандаро ифода мекунанд. Рассомони асри XVII аз тасвири косаи сар даст кашидаанд, баъзан коса сар бо дигар композитсияҳо тасвир меёфт, он ҳам бошад, дар ягон тасвир ҷой кунонида мешуд. Он натюрмортҳо вобаста ба имкониятҳо боз ҳам ҳаҷман бойю рангоранг мешуданд. Онҳо соли 1620 хеле маъмул шуда буданд, то даврае, ки он маъруфи тақрибан солҳои 1650 дар шаҳрҳои Лей дене, Нидерландия сустар шуда буд, кадомеро ки Бергстр дар тадқиқоти худ дар мавзуи натюрмортҳои Нидерландӣ маркази бунёди Vanitas – и асри XVII шуд. Лейден маркази асосии савияи калвинизм шуд, кадоме, ки беодобии инсонро ба зери танқид гирифта ба он мекӯшид, ки кодекси одоби ҳамидаро парварад. Бергстро чунин ҳисоб мекард, ки барои рассомони калвинистӣ ин натюрмортҳо бар зиди ахлоқи беадабона, каёфусафо ва васвасаи зиндагианд. Инчунин дар ин жанр ҷаҳонбинии гуманистӣ пайдо шуданд.
Францискус Гейсбрехтс нимаи дуюми асри XVII.
Воспользуйтесь поиском по сайту: ©2015 - 2024 megalektsii.ru Все авторские права принадлежат авторам лекционных материалов. Обратная связь с нами...
|